Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати вазорати корҳои дохила дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Шариф Назаров иттилоъ дод. Назар ба суханони ӯ ҳарчанд теъдоди вайронкунандагони қонун аз ҷумлаи занон кам гардидааст, вале теъдоди ҷиноятҳои содиркардаи онҳо нисбат ба як соли пеш чаҳор адад зиёд аст, ки боиси нигаронии аҳли ҷомеа, бавижа кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
– Мутааасифона, аз ҷониби занҳо 6 куштор содир гардидааст, ки ба гурӯҳи ҷиноятҳои махсусан вазнин шомил мешаванд,– таъкид дошт дар идомаи сӯҳбати хеш Шариф Назаров.
Ҳамчунин, бонувон бештар даст ба ҷиноятҳои авбошӣ, дуздӣ, қаллобӣ, даллагӣ, интиқол ва фурӯши маводи мухаддир задаанд. Аз ҷумла, ду нафар зан барои фаъолият дар созмони ифротгарои «Ҳузб-ут-таҳрир» мавриди боздошт қарор гирифтаанд.
Назар ба андешаи коршиносон сабаби асосии даст ба ҷиноят задани бонувон ин бекории онҳо, гоҳо риоя нашудани адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа, хароб гардидани пояҳои ахлоқ, раванди ҷаҳонишавию таъсири бади ВАО-и хориҷӣ ба зеҳни мардум, муҳоҷирати меҳнатӣ ва дар зиндагӣ танҳо мондани онҳост.