Ҳамчунин, қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 140 киллову 869 грамм моддаҳои нашъаовар ва прекурсорҳо мусодира шудааанд, ки аз онҳо 35 киллову 874 граммашро ҳероин, 352 граммашро ҳашиш ташкил медиҳад.
– Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои якҷояи Хадамоти гумрук бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ 69 киллограмму 583 грамм моддаҳои нашъаовар кашф ва мусодира гардиданд, – қайд кард Н.Раҳматов.