Ин буд мавзӯъи меҳварии сӯҳбати мирзи гирд, ки бо ибтикори Ассосиатсияи миллии занони соҳибкори Ҷумҳурии Точикистон таҳти унвони «Саводи молиявӣ – асоси рушди соҳибкории бонувон» дар толори ҳамоишҳои осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Қайроққум доир гардид. Дар он беш аз 100 нафар бонувони соҳибкор аз даҳ шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ширкат варзиданд.
Назар ба суханони Гулбаҳор Маҳкамова – Директори Генералии Ассосиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон мавзӯъи маърифати молиявии бонувони соҳибкор, дар маҷмуъ аҳолӣ яке мушкили мубрами рӯз маҳсуб меёбад. Ин мушкилест, ки наметавон бо нерӯи як муассисаю ташкилот ҳаллу фасл кард ва ё дар муқобили он аксуламал нишон дод. Ҳарчанд Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон ҳамасола барои 2000 нафар бонувон дарсҳои омӯзишӣ барои омӯхтани нозукиҳои тиҷорат, соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ ташкил мекунад, кам аст. Сар аз соли 1997 то кунун ҳамасола кормандони ассосиатсия ба бонувон дар 12 ришта касбу ҳунар меомӯзанд. Соли 1999 дар назди Ассосиатсия ташкилоти қарзии хурди «ИМОН-Интернешнл» таъсис гардид, ки то кунун ба мизоҷон барои ташкил ва рушди тиҷораташон кӯмак мекунад.
- Таҳлилҳо баёнгари он ҳастанд, ки бонувон мехоҳанд рӯй ба тиҷорату соҳибкории хурд оваранд, вале дар корашон низом нест,- иброз дошт Гулбаҳор Мақсудовна. – Онҳо дар шароити сангини зимистону баҳор маъмулан дар ҳавои кушод ба тиҷорати хурд машғул ҳастанд. Мо онҳоро сарҷамъ кардем ва барояшон шеваҳои дифоъ кардан аз ҳуқуқҳояшро дар назди соҳибони бозор фаҳмонидем. Вале бо он ҳама намунаҳои олию моделҳои беҳтарини пешбурди тиҷорат дар байни бонувон, хосатан ҷавонон кам дида мешавад.
Чунончи Директори Генералии Ташкилоти қарзии хурди «ИМОН – Интернешнл» Санавбар Шарипова таъкид намуд, ҳоло дар кишвар барои рушди иқтисодиёти кишвар қадамҳои устувор гузошта мешавад. Соҳибкорӣ, хосатан соҳибкории хурду миёна барои пешрафти кишвар мусоидат намуда, алҳол фазои мусоиде барои он фароҳам оварда шудааст.
– Оқилона масраф намудани молиёт ва захираҳои моддӣ, баланд бардоштани савияи дониши соҳавӣ, ҳадафмандона таҳия намудани нақшаи тиҷорат, барномарезии молиявӣ воситаҳое ҳастанд, ки дар пешбурди тиҷорат нақши калидӣ доранд ва бе доштани чунин донишу малакаҳо ноил шудан ба дастовардҳои дилхоҳ мушкил аст,- иброз дошт Санавбар Шарипова.
Коршиносон бар ин назаранд, ки баъди қабул шудани Қонуни Ҷумхурии Точикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» мушкилоти марбут ба иҷозатдиҳии фаъолияти соҳибкорӣ хеле осон гардида, теъдоди ҳуҷҷатҳои марбут ба сабти ном ва иҷозатдихӣ аз 605 то ба 84 адад коҳиш дода шуд. Қонуни мазкур роҳро барои таъсис ва рушди соҳибкории хурду миёна барои теъдоди бештари шаҳрвандон ҳамвор кард. Вале мушкилоти асосӣ хамоно паст будани маърифати молиявии ҳамватанони мо, ба вижа бонувон боқӣ мемонад. Зеро бисёр иттифоқ меафтад, ки соҳибкорони навкор бинобар надонистани қонунҳои бозаргонӣ ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва ин дили онҳоро ба соҳибкорию тиҷорат сард месозад.
Тилав Расулзода