Мизи мудавварро Фарҳод Раҳимов, муовини вазири маориф ҳусни ифтитоҳ бахшид. Ӯ ёдовар гардид, ки дар давоми соли 2012 Вазорати маориф дар саросари кишвар 248 мактаб сохта, барои табъу нашри китобҳои дарсӣ ва асарҳои бадеӣ барномаи густурдаеро барои соли оянда тарҳрезӣ намудааст.
Сипас, Ш.И.Ҳаитова, директори муассисаи нашриявии «Маориф ва фарҳанг» китоби «Луғати мухтасари имлои забони тоҷикӣ»-ро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Устодони ДМТ Б.Камолиддинов ва Ш.Кабиров оид ба қоидаи имлои забони тоҷикӣ сухан гуфта, таъкид намуданд, ки ба тарзи дурусти навишти калимаҳо дар матбуот, ба хусус матбуоти хусусӣ эътибори ҷиддӣ дода намешавад. Аз ин рӯ, нашрияҳое, ки қоидаи нави имлоро риоя намекунанд, бояд аз суйи ниҳодҳои марбута ҷарима баста шаванд. «Ин тарзи муносибати кор метавонад ба бесарусомонӣ дар матбуот хотима бахашд» – таъкид сохт Шаҳбоз Кабиров.
Дар ҷараёни ҳамоиш оид ба қоидаи имлои нави забони тоҷикӣ байни донишмандону рӯзноманигорон мубоҳиса сурат гирифт.
Ҷойи ёдоварист, ки дар ин нишаст намояндагони нашриётҳои давлатию ғайридавлатӣ, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, пажӯҳишгоҳҳо ва муассисаҳои илмию фарҳангӣ, донишмандони забоншинос ва адибону рӯзноманигорон ширкат варзиданд.