Як созмони ғайридавлатӣ бо номи «Press Emblem Campaign» (PEC) дар Женева рӯзи душанбе, 17 декабр эълом кард, ки ҳадди ақал 36 хабарнигор ва гузоришгар, аз ҷумла, хабарнигорон ва гузоришгарони давлатӣ, хориҷӣ ва вобаста ба мухолифони режими Сурия ҷони худро дар ин кишвар аз даст додаанд.
Близ Лимпн, раиси созмони «PEC» мегӯяд, шумори хабарнигорони кушташуда дар соли 2012 нисбат ба соли 2011 ҳудуди 30 дарсад афзоиш ёфтааст.
Вай мегӯяд, кушта шудани Жюл Жокин, хабарнигори телевизиони Фаронса ва Морӣ Колвин, рӯзноманигори ҷангии Амрико дар аввалҳои соли ҷорӣ танҳо намунае аз қурбон шудани хабарнигороне ҳастанд, ки «аз ҷониби даргир мавриди ҳамла қарор мегиранд».
Ёдовар мешавем, ки Морӣ Колвин, хабарнигори ботаҷрибаи амрикоӣ ва Жюл Жокӣ, хабарнигори фаронсавӣ дар ҳамлаҳои артиши Сурия кушта шуданд.
Сурия хатарноктарин минтақа барои хабарнигорон
Сурия баъд аз Ироқ, ки дар соли 2003 то 2004 барои хабарнигорон бисёр хатарнок буд, ба ноамнтарин минтақа барои хабарнигорон дар тӯли як соли охир табдил шудааст.
Авзои амниятии Сумалӣ низ дар тӯли соли 2012 ба шиддат ваҳмангез унвон шудааст. Дар ин сол 19 хабарнигор дар Сумалӣ ҷони худро аз даст доданд.
Баъд аз он Покистон бо 12 ва Мексикаву Бразилия ҳар кадом бо 11 журналисти кушташуда бештарин омори қурбониёни расонаҳоро ба худ ихтисос доданд.
Гуфта мешавад, дар Филиппин дар соли 2012 шаш хабарнигор кушта шудааст. Шумори хабарнигори кушташуда дар Гондурас низ ташвишовар будааст. Дар Банглодеш 4 хабарнигор ва дар ҳар кадом аз кишварҳои Эритрия, Ҳинд, Ироқ, Нигерия ва ҳамчунин Навори Ғазза 3 хабарнигор ҷони худро аз даст доданд.
Тибқи иттилои ин созмон, аз соли 2007 то кунун 569 хабарнигор дар иртибот бо кори худ кушта шудаанд. Бар ин поя, шумори миёнаи хабарнигорони ҷонбохта дар ҳар сол ба 114 тан мерасад, яъне ҳадди ақал 2 нафар дар ҳар ҳафта.
Дар панҷ соли ахир (2007 то 2012) Филиппин бо 62, Мексика бо 59, Покистон бо 53, Ироқ 39, Сурия бо 38, Сумалӣ бо 37, Гандурас бо 26, Бразилия бо 22, Русия бо 20 ва Ҳиндустон бо 16 қурбонӣ 10 кишвари нахусти феҳристи ноамнтарин кишварҳои ҷаҳон барои кормандони Васоити ахбори омма будаанд.
Press Emblem Campaign ё PEC созмони ғайри давлатие аст, ки тобистони соли 2004 тавассути гурӯҳе аз рӯзноманигорони мустақил дар шаҳри Женева бунён шуд. Ҳадафи ин созмон ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амнияти рӯзноманигорон дар манотиқе аст, ки танишолуд ва ноамн муаррифӣ мешаванд.
Вазъи амниятии хабарнигорон дар Тоҷикистон
Зимнан, дар чанд соли охир дар Тоҷикистон низ рӯзноманигорон мавриди ҳамла қарор гирифта буданд. Аз ҷумла, дар 2 соли пеш сардабири рӯзномаи «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода аз ҷониби афроди ношинос лату кӯб гардида буд. Аммо то кунун омилони ин лату куб пайдо нагардидаанд. Ҳамчунин, Далер Шарипов, собиқ хабарнигори ТВ «Сафина» ва Хуршеди Атовулло, сармуҳарири ҳафтаномаи «Фараж» низ дар шаҳри Душанбе мавриди лату кӯб қарор гирифта буданд. Дар зимн, муштзӯрони ҳамла ба Хуршеди Атовулло пайдо гардиданд ва амали худро як авбошӣ унвон карданд. Вале афроде, ки Далер Шариповро захмӣ карда буданд, то кунун аз ҷониби мақомот пайдо нагардидаанд.