Ба гуфти масъулин ҳадафи аслии ташкили чунин ярмарка-намоишгоҳҳои ҳунарҳои дастӣ, ин ба хотири ташаккули ин навъи санъат ва дасгирии ҳунармандону ҷалби харидорон аст. Коршиносон бар ин назаранд, ки бо сабаби харидор надоштани маҳсули меҳнат, ҳунармандон дилсард гаштаанд.
Камол, як устои асбобҳои мусиқии классикӣ аз шимоли Тоҷикистон мегӯяд, чанде аз шаҳрвандони хориҷӣ дар ин ярмарка ба хотири ҳамкориҳои оянда, аз ӯ нишонии коргоҳу манзили зисташро гирифтаанд.
– Умедворам, ки дар оянда мо бо онҳо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мемонем, - мегӯяд Камол.
Уктам Маҳмадқулов, як масъули баргузории намоишгоҳ қайд кард, дар оянда низ чунин чорабиниҳо ба хотири муаррифии ҳунармандони арзанда дар пойтахт ташкил карда мешаванд.