Ӯ пас аз нашри як акс дар муқоваи маҷаллаи «Огонёк», ки ҳангоми таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аккоси москвагӣ гирифта шуда буд, ба ҳайси «Маликаи зебоӣ»-и Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур шуд.
Лола Исмоилова дар яке аз сӯҳбатҳояш бо хабарнигори маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» дар хусуси ин акс қайд карда буд, ки: «Акси маро бо либоси миллӣ, як аккоси меҳмон дар рӯзҳои ҷашн гирифта буд. Гумон ҳам намекардам, ки онро баъдан дар муқоваи маҷаллае гузоранду ман ин қадар маъруф шавам. Мактубҳои зиёде аз тамоми кунҷу канори Иттиҳоди Шӯравӣ мегирифтам, ҳама мехостанд маро боре аз пеш бубинанд, онҳо маро ба шаҳру деҳоти худ таклиф мекарданд. Чун хотира аз рӯзҳои хуши айёми ҷавонӣ, ман ин мактубҳоро ҳифз мекунам».
Ёдовар мешавем, ки акси Лола Исмоилова дар шумораи 50-уми маҷаллаи «Огонёк», моҳи декабри соли 1949 нашр шуда, тоҷиконро дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун яке аз зеботарин қавмҳо муаррифӣ кард.