Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи васеи Иттифоқи журналистон ва дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон доир гардид. Мавзуи марказии мизи мудавварро масъалаи тарҳрезӣ ва ба барномаи таълимии кафедраҳои журналистии мактабҳои олии ҷумҳурӣ ворид намудани фанни махсуси «ВАО ва ҳуқуқи кӯдак» ташкил намуд. Доир ба ин масъала устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илми филология Сангин Гулов муҳокимаронӣ кард.
Ба баррасии ҷанбаҳои гуногуни инъикоси мавзуи кӯдакону наврасон дар матбуот маърӯзаҳои Сафо Сафаров, сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Мактаби мустақили рӯзноманигорӣ» ва Абдувоҳид Маликов, сардабири маҷаллаи бачагонаи «Навниҳол» бахшида шуданд.
Мизи мудаввар ибтидои як қатор чорабиниҳои дигаре мебошад, ки минбаъд дар доираи лоиҳаи зикргардидаи ИЖТ амалӣ мегарданд. Дар тӯли моҳҳои декабар ва январ дар 5 манотиқи ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе, марказҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон, Кӯҳистони Бадахшон ва води Рашт дар мавзуи «ВАО ва ҳуқуқи кӯдак» семинарҳои омӯзишӣ барои рӯзноманигорон гузаронида мешаванд, ки дар маҷмуъ 125 журналистро фаро хоҳанд гирифт.
Ҳадафи асосии семинарҳо кӯмак ба рӯзноманигоронест, ки пиромуни мавзӯи кӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо дар матбуот мавод омода месозанд.