Тибқи иттилои Давлатхӯҷа Давлатов, сардори шуъбаи агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Қубодиён, барои бунёди сехҳои дузандагӣ мақомоти маҳаллӣ қитъаи замин ё ҳуҷраҳои бекорхобидаи баъзе аз биноҳои фарҳангиро ҷудо менамояд. Дар маҳаллаҳое, ки қитъаи замин ҷудо мегардад, мардум тариқи ҳашар сехҳои дӯзандагиро бунёд мекунанд. Кумитаи имдоди имом Ҳумайнӣ бошад, ин коргоҳҳоро бо мошинаҳои либосдӯзӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ таъмин менамояд.
Аз рӯи гуфти Д.Давлатов дар сехи дӯзандагие, ки ҳафтаи равон дар Ҷамоати деҳоти «Эшмурод Ниёзов» - и ноҳияи Қубодиён ба истифода дода шуд, 20 бону ба ҷойи кор таъмин шуд. Дар назди сехҳои дӯзандагӣ барои духтарон курсҳои омӯзишӣ таъсис дода шудааст. Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки таълимдиҳандагон ва касбомӯзони ҷавонро бо маош ва идрорпулӣ таъмин намояд.
Ба гуфти масъулин бо дастури Абдулмуъмин Улфатов, раиси ноҳияи Қубодиён, дар ҳамаи шаш Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бунёди сехҳои дӯзандагӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар баробари амалӣ гардидани ин барнома 100 бонуи хонанишин бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, ҳамзамон ҳамин теъдод духтарони ҷавон ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта мешаванд.