Дар он Раҳмоналӣ Амиров – раиси шаҳри Исфара, Обидҷон Назаров – сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, Зебо Аминзода ва Ҷӯрабек Муродов –Ҳунармандони Мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ ва меҳмонони зиёде иштирок доштанд.
Меҳмонон зимни суханронӣ лаҳзаҳоеро аз кору фаъолияти ин санъаткори шинохта ба хотир оварда, ҷамъомадагонро бо ҳаёту зиндагиномаи ӯ ошно сохтанд. Қайд карда шуд, ки Гавҳар Мирҷумъаева фаъолияти худро соли 1961 дар театри ба номи «Хоҷа Камол»-и шаҳри Хуҷанд оғоз бахшида, зимни кору фаъолияти пурсамараш дар ҳайати гурӯҳҳои ҳунарие чун «Лола», «Фирӯза», «Сайидон», «Ганҷина» ва ғайра, ки дар таъсисёбии баъзе аз онҳо худаш низ саҳм доштааст, рақсида ва ҳам ҳунари рақсро ба шогирдон омӯзонидааст. Ба 42 кишвари дунё сафари эҷодӣ доштаву ҳунару фарҳанги тоҷиконро ба мардумони дигар муаррифӣ кардааст.
Имрӯз бошад Гавҳар Мирҷумъаева бо пешниҳоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Ансамбли давлатии рақсии «Зумрад»-ро таъсис дода, барои духтарони маҳаллӣ ҳунари рақс меомӯзад.
Дар рӯзи ҷашн Гавҳар Мирҷумъаева дар ҳавои суруди классикие, ки аз ҷониби Ҷӯрабек Муродов сароида шуд, мисли панҷоҳ соли пеш хиромону мавзун ва зебо рақсид, ки иштирокчиён ҳунари ӯро дар саҳна бо қарсакҳои бардавоми самимӣ хуш пазируфтанд.