Ба гуфти масъулин Кумитаи кор бо бонувон ва оилаи вилоят дар ҳамдастӣ бо созмонҳои гуногуни ҷамъиятӣ, ширкатҳо, сарварони маҳаллаҳо намояндагони васоити ахбори умум маъракаи таблиғотӣ ва ташвиқотиро таҳти унвони рамзии «16 рӯзи муҳаббат ба ҳамдигар» ба таври густурда ба роҳ мондааст. Дар чаҳорчӯбаи ин чорабинӣ дар ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят баргузории мулоқотҳо бо бонувони барӯманд, хонаводаҳои намунавӣ дар назар дошта шуда, намоишгоҳи суратҳо, машваратҳои судманд бо иштироки ҳуқуқшиносон, равоншиносон, сӯҳбатҳо гирди мизи мудаввар низ доир мегардад.
Гуфта мешавад, ки силсила-чорабиниҳо дар чаҳорчӯбаи маъракаи «16 рӯзи муҳаббат ба ҳамдигар» то санаи 10-уми декабри соли 2012 идома хоҳанд ёфт.