Дар доираи ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ, ки аз 13 то 16 ноябр идома меёбад, ҷавонони тоҷик бо имкони таҳсил дар беруни кишвар шинос мегарданд. Дар рӯзи аввали ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ дар Тоҷикистон, муассисаҳои таълимӣ, амсоли ACCELS, Education USA, IREX, Bactria Cultural Center, Tempus, DAAD, UCA ва Гӯшаи амрикоӣ ба донишҷӯёну толибилмон оид ба барномаҳои таълимии худ ва имконоти таҳсил дар хориҷа маълумот пешниҳод карданд.
Бояд гуфт, ки дар чорабинии мазкур беш аз 400 нафар донишҷӯёну толибилмони макотиби кишвар иштирок намуданд. Ин чорабинӣ рӯзҳои 14-ум то 16-уми ноябри соли равон дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон идома ёфта, дар он мавзӯъҳои гуногуни таълимӣ ва имконоти таҳсил баррасӣ мешаванд.