Аз ҷумла, имрӯз 14-уми ноябр дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа намоиши ҳунарҳои дастии ҷавонон баргузор мегардад, ки дар он наздики 300 нафар ҳунармандони ҷавон дастовардҳои худро ба намоиш мегузоранд.
Ба гуфтаи Р.Насриддинов, ин намоиш таҳти унвони «Армуғон барои сайёҳон» доир гардида, дар он ҳунарҳои дастие ба маърази тамошо гузошта мешаванд, ки таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Мақсад аз ташкили намоиши «Армуғон барои сайёҳон», ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ва рушди соҳаи туризм дар вилояти Хатлон унвон мешавад.
Тахмина Хуҷамбердиева, роҳбалади гурӯҳи ҳунармандони ҷавони ноҳияи Қубодиён инъикоси манзараҳои таърихиро дар ҳунарҳои дастӣ, як роҳи хуби ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба минтақаҳои сайёҳии вилоят медонад.