Ҳабиба Даминова, муаллифи лоиҳаи мазкур гуфт, ки ин лоиҳа бо мақсади дастгирии кормандони беҳтарини соҳаи санъат ва кормандони радиою телевизион пешниҳод шудааст.
Чанд нафар аз меҳонон: Парвона Аҳрорӣ, Акбари Саттор, Лутфулло Давлатов андешаҳои худро атрофи лоиҳаи мазкур иброз дошта, қайд карданд, ки бартарии ин лоиҳа дар он аст, ки он бидуни аъзои ҳакамон сурат мегирад, яъне худи мухлисон тариқи овоздиҳӣ ба ҳунару истеъдоди санъаткорону ровиён, барномасозони радиою телевизион баҳо медиҳанд.
Дар охир иштирокчиёни ҷамъомад ба суолҳояшон нисбати озмуни «Ҷило-2012» посухҳои мушаххас гирифтанд.