Чунончи дар Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, ҳодиса рӯзи 28-уми октябр дар хонадони сокини деҳаи Меҳнатобод Шакаралӣ Нозиров, ки ба муносибати ёдбуди волидайнаш маъракаи оши худоӣ доштааст, рух додааст. Дар он маърака наздики 50-60 нафар аз ҷумлаи хешовандону ҳамсоягон иштирок доштаанд. Мастура Зоирова хоҳари соҳиби маърака, яъне Шакаралӣ низ аз ҷумлаи даъватшудагон будааст. Меҳмонон асосан пас аз истеъмоли ду бонка консерви помидору бодиринг заҳролуд шудаанд.
Насиб Икромов, муовини сардори Маркази беҳдоштӣ ва вогиршиносии Суғд имрӯз субҳ дар як сӯҳбати вижа бо хабарнигори «БТ» иброз дошт, ки алҳол ҳашт нафари дигар дар шӯъбаи эҳё ва беш аз бист тани дигар дар шӯъбаи вогиршиносии беморхонаи ноҳия таҳти муроқибати табибон қарор доранд. Аз ҷумла, бародари Мастура Шакаралӣ Бозоров низ дар шӯъбаи эҳё бистарӣ аст. Ба беморон кӯмаки фаврии тиббӣ расонида шуда, лиҳозо вазъи онҳо чандон нигаронкунанда нест.
Ҳашт адад бонкаҳои дулитраи корсерви помидору бодиринг, ки ҳанӯз истифода нашуда буданд, барои ташхиси озмоишгоҳи ва баъдан маҳвкунӣ ба маркази вилоят интиқол дода шуданд.