Ин нуктаро вай дар нишасти матбуотие дар шаҳри Душанбе 23 октябр иброз дошт.
Ба гуфтаи хонум Сюзан, дар баробари талош барои риояи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон, дар бахшҳои таъмини амният, иқтисоду фарҳанг низ ҳамкории Тоҷикистону Амрикоро тақвият хоҳад дод.
Вай мегӯяд, Амрико аз иқдомҳои Тоҷикистон барои шомил шудан ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат истиқбол мекунад. Дар сурати шомил шудани Тоҷикистон ба ин созмон, имкон ба вуҷуд меояд, ки Амрико ба Тоҷикистон содироти маҳсулоти худро ба роҳ бимонад.
-Ман талош мекунам, ки таваҷҷуҳи ширкатҳои тиҷориву иқтисодии амрикоиро ба Тоҷикистон ҷалб кунам ва аз ин роҳ ба кишвари шумо сармоя ворид шавад, - меафзояд Сюзан Эллиот.
Ёдрас мешавем, ки хонум Сюзан Эллиот дар ин мақом сафири пешина Кеннет Гроссро иваз кардааст.