Дар ин бора ба «Бонувони Тоҷикистон» аз котиботи Шӯрои мазкур 19 октябр иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар кори ҷаласа раиси Шӯрои машварати оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Президент Эмомалӣ Раҳмон ширкат доштааст. Вай таъкид кардааст, ки солҳои охир аз ҷониби Ҳукумат дар самти коҳиши шумори санҷишҳои фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ислоҳоти ҷиддӣ доир шудааст. Вале ин нокифоя буда, зарур аст, ки ҷиҳати идомаи ислоҳоти соҳа корҳои зиёде анҷом шавад. Ба гуфтаи Президент, санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ба вижа соҳибкорон, то ҳол мураккаб ва гарон боқӣ мондааст.
Президент пешниҳод кардаст, ки шумораи мақомоти санҷишӣ кам карда шуда, шаклҳои муосири санҷиш ҷорӣ гардад ва санҷишҳои фаъолияти субеъктҳои хоҷагидорӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шаванд.