Расми кушодашавии ин чорабинӣ дар Театри Давлатии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ доир гардида, дар он филмҳо аз кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Гурҷистон, Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Кареяи Ҷанубӣ, Туркия, Миср, Малӣ, Муғулистон ба намоиш гузошта хоҳад шуд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад синамобазми байналмиллалии «Дидор»-ро мунаққидони маъруфи соҳаи синамо, мисли Ким Чи Сеок (Кареяи Ҷанубӣ), Шамил Алиев Ёғароғлу ва Елчин Мусооғлу Гулиев (Озарбойҷон), Биргит Боймерс (Британия Кабир), Сиддиқ Бармак (Афғонистон) ва мунаққидони синамои кишварҳои пасошӯравӣ – Георгий Авашвили ва Георгий Богибиридзе (Гурҷистон) доварӣ хоҳанд кард.
Бояд қайд кард, ки намоиши филмҳо озмун аз 16 то 20-уми октябр ҳамарӯза дар се толори кинотеатри «Зебуннисо» баргузор мегардад.