Вазири маориф қайд кард, ки афзоиши теъдоди рӯзномаву маҷаллаҳои касбӣ дар рушду инкишофи соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон мусоидат хоҳанд кард.
Абдулҳамид Нозимов, мудири шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президент зимни суханронӣ дар хусуси корҳои шоистаи яке аз собиқ сардаброни ин ҳафтанома, Буринисо Бердиева ёдовар шуда, қайд кард, ки дар замони роҳбарии ин журналисти маъруф, ҳафтаномаи «Омӯзгор» ҷойгоҳи хосаи хешро дар ҷомеа пайдо намуда буд.
Ҳафтанома соли 1932 таъсис ёфта, бо номҳои гуногун: «Барои маорифи коммунистӣ», «Маориф ва маданият», «Газетаи муаллимон» аз чоп баромадааст. Аз соли 1989 ба инҷониб бо номи «Омӯзгор», ҳафтае як маротиба, бо теъдоди 35 ҳазор нусха нашр мешавад.