Мавсуф иброз дошт, ки рӯзҳои 6-8-уми ноябри соли 2012 Ҳисоботи миллии Тоҷикистон ба Кумитаи Созмони Миллали Муттаҳид зидди шиканҷа аз ҷониби ҳайати намояндагии Тоҷикистон бо роҳбарии Прокурори генералӣ пешниҳод гардид.
- Оид ба ин масъала маърӯзачии махсуси СММ Хуан Мендез моҳи майи соли 2012 ба Тоҷикистон ташриф оварда, масъалаҳои пешгирӣ аз шиканҷаро дар кишвар мавриди омӯзиш қарор дод. Дар умум Корҳои анҷомдодаи Тоҷикистон оид ба пешгирии шиканҷа аз ҷониби Кумитаи СММ мусбат арзёбӣ гардидааст, - мегӯяд прокурори генералии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи Шерхон Салимзода, соли 2012-ум вобаста ба шиканҷа 9 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 10 нафар оғоз карда шуда, гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Аз ҷумла, нисбати 3 нафар масъулон бинобар марги маҳбус Ҳамза Икромзода парванда боз шудааст.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботи ба мақомоти прокуратураи кишвар 22 шикоятнома оид ба шиканҷа ворид шудааст, ки дар бештари маврид шикояткунандагон аз кормандони соҳаи милиса шикоят мекунанд.