Китоби Наҷотбахши миллат» аз ҷониби ширкати аврупоии "Big Media group" бо теъдоди 3000 нусха ба забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ мунташир гардидааст.
Дар маросими муаррифии китоби мазкур меҳмонони хориҷӣ ва нависандагону донишмандон, аз қабили Тию Кейперс, Раҳим Масов, Саттор Турсун, Салимҷон Носиров ва Саймиддин Додихудоев суханронӣ намуда, доир ба ҷанбаҳои мусбии он ба ҳозирин маълумот доданд.
Тию Кейперс, роҳбари ширкати аврупоии «Big Media group» қаҳрамони китоб- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро як шахсияти таърихие номид, ки барои ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ дар ҷомеаи тоҷик, бозгардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ, қабули конститутсия ва дарёфти мақоми сазовори кишвар дар арсаи байналмилалӣ заҳматҳои шоиста ба харҷ додааст.