Дар ин бора Абдумӯъмин Шарифӣ, ҳунарманди Театри Давлатии Ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов иттилоъ дод. Ба гуфтаи манбаъ намоиши «Рустам ва Суҳроб» аз ҷониби тамошобинону доварон ва мунаққидони ҷашнвора хуб пазируфта шуд.
– Бо ҳама он истиқболи гарме, ки ҳакамону бинандагон доштанд, мо гумон кардем, ки шоҳҷоиза насибамон мегардад. Ҳатто ҳунамандони театри Уляновск, ки баъдтар шоҳҷоизаро муносибашон диданд, худ иқрор шуданд, ки «Рустам ва Суҳроб» сазовори Гран-прии ҷашнвора буд. Аммо ҳоло ин муҳим нест, муҳимаш меҳмонону коршиносони ин ҷашнвора, ки аз давлатҳои гуногуни дунё буданд, ҳама зери таъсири намоишномаи «Рустам ва Суҳроб» қарор гирифта буданд, – мегӯяд А.Шарифӣ.
Гуфта мешавад, ки дар ҷашнвораи байналмиллалии театрӣ ҳунармандон аз давлатҳои Тоҷикистон, Молдова, Русия, Украина, Арабистони Саудӣ, Миср, Эстония, Полша бо 12 намоишнома ширкат варзиданд.
Ёдовар мешавем, ки намоишномаи «Рустам ва Сӯҳроб» дар ҷашнвораи байналмилалии даҳаи «Фаҷр»-и Ҷумҳурии исломии Эрон соҳиби Шоҳҷоиза гардида буд.