Дар ҳамоиш қайд гардид, ки Бӯриннисо Бердиева яке аз ҷасуртарин журналистон ва пешвоёни фаъоли бонувони Тоҷикистон маҳсуб ёфта, бо вуҷуди хизматҳои шоён ва корнамоиҳои чашмрас ҳеҷ гуна мукофоте ба ҷуз «выговор» нагирифтааст.
Шоири халқии Тоҷикистон – Гулрухсор Сафиева пешниҳод намуд, ки ба Бӯриннисо Бердиева баъди маргаш бошад ҳам мукофоти Лоҳутӣ тақдим шавад.
– Ҳамчунин, пешниҳод мекунам, ки номи яке аз мактабҳову кӯчаҳои пойтахт ба хотири бузургдошти исми ӯ – Бӯриннисо Бердиева номгузорӣ шавад, – гуфт бону Гулрухсор.