Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон, Алиасғари Шеърдӯст, ки низ дар ин маросим ширкат ва суханронӣ намуд, аз академик Шакурӣ ба унвони васлгари 3 кишвари форсигӯ – Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон – ном бурд. Шеърдӯст ҳамчунин гуфт, фавти академик Шакурӣ барои ҷумҳурии Эрон низ талафоти бузург буда, дар ин мусибат мардуми Эрон ба аъзо нишастаанд.
Дар ҳамин ҳол, сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон Абдулғаффори Орзу бо намояндагӣ аз мардуми афғон ширкат ва суханронӣ намуда, таъзияи раисҷумҳури ин кишварро ба хонадон ва дӯстони академии Шакурӣ расонид.
Муҳаммадҷон Шакурӣ соли 1925 дар хонаводаи Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, қозикалони собиқи аморати Бухоро ба дунё омадааст. Ӯ Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо дар соли 1945 хатм намуда, фаъолияти кориашро аз нашрияи «Тоҷикистони Сурх» шурӯъ кардааст.