М. Шокирова, мудири шӯъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмиллалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон иброз дошт, ки алҳол «Нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2015» қабул шудааст ва аксарияти ҳадафҳои он бо нуктаҳои эъломияҳои Шӯрои Амнияти СММ созгор ва мувофиқ мебошанд.
– Имрӯз низ пешниҳодмешавад, ки дар маҳалҳо аз ҷумлаи бонувон гурӯҳҳои сулҳофар таъсис дода шавад. То онҳо битавонанд на танҳо дар ҳаллу фасли низоъҳои байнидавлатӣ, балки дар ҳалли низоъҳое, ки дар оилаҳо ва миёни донишҷӯён сар мезананд, нақши хешро бигузоранд – мегӯяд Р.Бобоҷонова.
Дар мизи гирд Сумангул Тоағоева - раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилоят Мирзоева – ҳамоҳангсози лоиҳаҳои Бонувони СММ, коршиносони созмонҳои гуногуни байналхалқӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муовинони раиси ноҳияҳои наздимарзӣ, намояндагон аз мақомоти қудратӣ: милитсия, додситонӣ, Шӯрои адлия низ ширкат ва суханронӣ намуданд.