Гуфта мешавад, ки парвандаҳои бо ҷурми хушунат боз шуда, дар бисёр маврид то охир намерасанд, яъне қатъ мешаванд. Сабабашро коршиносон дар маърифати пасти ҳуқуқии бонувони хушунатдида медонанд. Илова бар ин, фарҳанги миллӣ дар бисёр ҳолатҳо иҷоза намедиҳад, ки зани хушунатдида аз болои шавҳари худ ба додгоҳ арз барад.