Дар ин бора сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Далел Тошматов хабар дод. Чунончи сарвари табибони вилоят изҳор дошт, чунин ҷарроҳии мураккаб дар Маркази дилшиносии вилоят сурат гирифта, маблағи ҳар яке аз ҷарроҳиҳо чаҳор ҳазор доллари америкоиро ташкил кардааст. Илова бар ин бону Турсуной Зокирова изҳор доштааст, ки чунин амали некро дар соли равон низ идома хоҳад дод.
Барои кӯмак ба ҳамватанон Турсуной алҳол тасмим гирифтааст дар шаҳри Қайроққум як Маркази тиббӣ бунёд сохта, онро бо навтарин таҷҳизот муҷаҳҳаз ва дар хидмати шаҳрвандон қарор бидиҳад.
Бояд мутазаккир шуд, ки чунин корҳои хайр аз ҷониби ин бону мунтазам сурат гирифта, то кунун дар Маркази тафреҳии кӯдаконаи «Манижа», ки аз ҷониби ӯ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, чандин корҳои хайр, аз қабили хатнасури писарбачаҳо аз хонаводаҳои камбизоат ташкил карда шудааст. Соли гузашта Турсуной ба ду нафар кӯдакони маъюб - сокинони шаҳраки Адрасмон аробачаи маъюбӣ тақдим карда буд.
Дар ҳоли ҳозир дар маркази шаҳри Қайроққум аз ҷониби ин бонуи саховатпеша як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, ки дорои 32 ҳуҷра аст, бунёд мегардад. Турсуной Зокирова расман эълон кардааст, ки калиди даҳ ҳуҷраи онро ба дасти раиси шаҳр месупорад, то ӯ онҳоро ба ашхоси мӯҳтоҷу ниёзманд тақдим намояд.