Дар ҳоли ҳозир Русия ҳамчун поягузори Иттиҳодияи гумрукӣ ва Қазоқистону Белорус чун нахустаъзо ба ҳисоб мераванд.
Ба иттилои Андрей Белянинов, раҳбари Хадамоти федеролии гумруки Федератсияи Русия, Қирғизистон талош дорад, ки то моҳи ноябри соли 2013 узвияти ин Иттиҳодияро ба даст биорад. Вай мегўяд, дар сурати пазируфта шудани Қирғизистон ба Иттиҳоди гумрукӣ, шонси Тоҷикистон барои дарёфти узвият бештар мегардад.