Хабаргузорони тоҷик бо ин ҳамкасби Лондониашон дар масоили гуногун мубоҳисаву суолу ҷавоб даштанд. Аз ҷумла, масъалаи инъикоси камранги ҳаёти мардуми Тоҷикистон аз телевизиони ВВС, ки барои муаррифии форсизабонон нақши боризе дорад, як мавзӯи ин сӯҳбат буд. Масъалаи дигар коҳиш ёфтани аудиторияи ин расонаи байналмилалӣ ва омилҳои таъсиргузор ба он буд.
Ҷаноби Оғои Содиқ Сабоҳ аз ҷумла, қайд кард, ки Би-би-сӣ бар он мекӯшад, ки ҳамеша иттилоъро дақиқ карда бошад ва баъдин пахши он имконпазир бигардад. Яъне аз рӯи принсипи «Афзал бошем, то аввал бошем» кор мекунанд.
Дар ин нишастҳо хонумҳо Ҷени Нортон ва Таҳмосбӣ раиси бахши форсии Би-би-сиро ҳамроҳӣ мекарданд. Қобили тазаккур аст, ки мақсади аслии сафар ба Тоҷикистон баргузории ҷашнвораи филмҳои Би-би-сӣ дар шаҳри Душанбе буда, меҳмонон ҳамчунин ба шаҳри Хуҷанд низ сафаре хоҳанд дошт.
Перомуни филмҳои озмунӣ баъдан аз сайти мо иттилоъ бихонед.