Ҳамчунин, ба шарафи пирӯзии Мавзуна дар назди муҷтамаи меъмории 2700-солагии шаҳри Кӯлоб як барнома бузурги ҳунарӣ бо ширкати чеҳраҳои саршиноси санъати тоҷик – Сураё Қосимова, Гулчеҳра Содиқова, Меҳринигори Рустам баргузор мешавад. Тасмим аст, дар ин рӯз ба Мавзуна аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб калиди хонаи панҷҳуҷрадор супорида шавад.
Бояд гуфт, ки ибтикори мақомоти маҳаллӣ дар қадршиносии қаҳрамондухтар охири кор нест. Чанде аз соҳибкорони кӯлобӣ низ аз омодагии худ дар эхдои тӯҳфаҳои хотиравӣ ба Мавзуна хабар доданд.
Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб низ нақшаеро тартиб додааст, ки мувофиқи он ояндаи наздик вохӯрии Мавзуна Чориеваро бо ҷавонон, донишҷӯёни макотиби олӣ ва муҳассилини макотиби миёна баргузор хоҳад кард.