Сомонаи ҷадид аз шакли пешинаи худ бо тарҳу намои замонавӣ фарқ мекунад. Гуфта мешавад, ки саҳифаҳои сомонаи мазкур дар шабакаҳои иҷтимоии facebook ва twitter низ сохта шудааст, ки дар онҳо хабарҳои ҳаррӯза бо аксу наворҳо фаврӣ пахш мешаванд. Истифодабарандагони шабакаҳои номбурда метавонанд бо маводи сомонаи «president.tj» шинос шуда, шарҳу эзоҳ ва ё андешаҳои худро нависанд, ба дӯстонашон барои шиносоӣ тавсия диҳанд, ё барои сомонаҳо ё гурӯҳҳои иҷтимоии худ аз он нусха бигиранд.
Равзанаи «Нома ба Президент», яке аз муҳимтарин бахшҳои ин сомона буда, барои таъмини иртибот миёни роҳбари давлат ва хонанда хизмат мекунад. Ҳар сокини кишвар, ки вориди ин сомона мешавад, бевосита имкони баёни фикру андеша, ё пешниҳод ба роҳбари давлатро дорад.То кунун сокинони кишвар номаҳои худро тавассути пусти электронӣ ба унвонии Президенти кишвар ирсол менамуданд. Фаъол шудани равзанаи «Нома ба Президент» метавонад гумону шубҳаҳои мардумиро, ки гӯиё масъулин баъзе номаҳоро ба роҳбари давлат намерасонанд, аз байн барад.
Мавриди зикр аст, ки дар марҳилаи пешрафти техника ва технологияҳои коммуникатсионӣ, бояд раисони тамоми шаҳру навоҳии кишвар аз ин иқдом кор гирифта, барои иртиботи бевосита доштан бо шаҳрвандон, сомонаҳои интернетӣ таъсис бидиҳанд. Мутаассифона, то имрӯз ба ғайр аз шаҳрдори Душанбе – Маҳмадсаид Убайдуллоев, роҳбарони дигар вазорату идораҳо ё раисони шаҳру ноҳияҳо (ба истиснои ниҳодҳое, ки сомонаҳояшон ба ном фаъоланд), дар фикри барқарор кардани робитаи бевосита бо мардум нестанд.