– Ҳадаф аз ташкили курсҳои ҳунаромӯзӣ миёни духтарону бонувони маҳаллӣ фаро гирифтани онҳо ба кори созанда ва муфид ва бад-ин тартиб паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар деҳот мебошад, – гуфт Муҳаббат Нозимова, сарвари барномаҳои омӯзишии Иттиҳодияи бонувони соҳибкори Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки то кунун, ягон маротиба чунин курсҳо барои духтарони маҳал гузаронида намешуданд. Баъд аз гузаштани давраи омӯзишӣ бонувони ҳунарманд тасмим гирифтаанд, то дар деҳаҳои худ марказҳои машшотагӣ ва гулдӯзию мӯҳрадӯзию қуроқдӯзиро ифтитоҳ намоянд.
Алҳол, дар маркази ноҳияи Айнӣ ҳамагӣ як маркази зебоӣ фаъолият дорад, ки талаботи духтарон ва бонувони маҳалро ҷиҳати ороиши мӯю сар бо шеваву сабкҳои навину муосир қонеъ намесохтааст.
Ба гуфти Муҳаббат Нозимова, ки роҳбари лоиҳаи мазкур ба ҳисоб меравад, чунин як давраи омӯзишӣ дар ноҳияи Панҷакент низ ба кор шурӯъ намуда, 30 нафар духтарон барои омӯзиши ҳунар фаро гирифта шудаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки лоиҳаи мазкурро намояндагии Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон маблағгузорӣ менамояд.