Анатолий Антонов оид ба мақсади боздиди худ аз Тоҷикистон иброз дошт, ки бо дастури вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков масоили ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ- техникӣ миёни Русия ва Тоҷикистонро мавриди омӯзишу таҳлил қарор медиҳад.
–Мулоқотҳои мо дар муҳити дӯстона сурат гирифт. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки созишномаи мо сифатан хуб бошад. Савдо барои мо зарур нест, бояд баъзе масоили то имрӯз ҳаллу фасл нагардида ва амнияти байни ду кишвар бубинем.
Ӯ таъкид намуд, ки мавзӯи нархгузории ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон матраҳ нест. Ман мехостам инро ду маротиба такрор кунам.
Дар нишаст зикр гардид, ки ҳанӯз матни созишнома оид ба ҳузури пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон омода нашудааст. Аз гуфти Антонов бармеояд ки Душанбе барои будубошти пойгоҳи 201-ум аз Москав маблағ талаб накардааст ва Русия ҳам тақозо надорад, ки пойгоҳи ҳарбиаш ба муҳлати 49 сол дар Тоҷикистон бимонад.
Қаблан расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки ҳайъати низомии Русия бо роҳбарии Анатолий Антонов, муовини вазири дифои ин кишвар рӯзи 9-уми август барои анҷоми сафари се рӯза вориди Душанбе шуда буд. Гуфта мешуд, ки баррасии созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201 -и Русия дар Тоҷикистон аз мавзӯъҳои меҳварии сафари гурӯҳи кории мақомоти Русия унвон мешавад.