Шоҳҷоизаи озмунро ҳунарманд аз ноҳияи Ҷаббор Расулов Ғуломҷон Мирдадоев сазовор шуд. Рӯзиҷон Ваҳҳобова ва Толибҷон Исмоилов ба ҷойи аввал мушарраф гардиданд.
Овозхони ҷавон Шодмон Сулаймонӣ соҳиби ҷоизаи вижаи «Ҳусни таваҷҷӯҳи тамошобин» эълон шуд.
– Ҳадафи баргузории фестивал–озмуни «Суруди сол-2012», ки бо ибикори Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид, дарёфти истеъдодҳои ҷавон, рушди мусиқии муосир ва анъанавии миллии тоҷикӣ буд, – иброз дошт Умеда Ҳамидова, корманди Раёсати фарҳанги вилояти Суғд.
Бояд зикр кард, ки ҳунармандони шинохтаи кишвар Зикриоллоҳ Ҳакимов, Бахтиёр Иброҳимов, Нигина Амонқулова, Нозияву Муҳаммадрофеъи Кароматулло чун меҳмонони ифтихорӣ ба «Суруди сол» даъват шуда буданд.
Дар рӯзи ҷамъбасти озмун вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ва Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ карданд.