Ба гуфтаи раиси ноҳия аз 1000 муроҷиат, ки 503 тоаш ба таври хаттӣ ва 479 тоаш ба таври шифоҳӣ ба унвони ӯ ирсол шудааст, бармеояд, ки бештари муроҷиаткунандагон бонувонанд.
– Таҷриба нишон медиҳад, ки дар муроҷиат ба намояндаи Президент дар маҳал мардон фаъол нестанд. Теъдоди чашмрасе аз аризаҳо дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз номи мардон ворид шаванд ҳам, аммо дар рўзи қабул ба ҷойи муаллифи ариза ҳатман нафаре аз аъзои оила, ки аз ҷинси зан аст, ҳозир мешавад, – гуфт А. Сулаймонов.
Аз рӯи гуфти манбаъ бештар сокинон ба раиси ноҳия вобаста ба масъалаҳои дастрасӣ ба замин, манзили зист, хусусигардонӣ, иҷозаи сохтмон ва таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ муроҷиат мекунанд.
Дар хусуси муроҷиати мардум ба мақомотҳои болоӣ А. Сулаймонов қайд кард, ки мардум мехоҳанд, талабу дархосташон оҷилӣ иҷро шавад.
– Баъзеҳо фаҳмидан намехоҳанд, ки барои дар доираи қонун иҷро намудани ин ё он талабу дархост вақт лозим аст, аз ин рӯ ба мақомотҳои болоӣ муроҷиат мекунанд, ки ин нофаҳмист – гуфт раиси ноҳия.