Ба гуфти манбаъ Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо диаспорҳои тоҷикони Руссия аз вазъи зисту зиндагии муҳоҷирбонувони тоҷик огоҳ ҳастанд.
– Мушкили бонувони муҳоҷир бештар дар самти ҳуқуқӣ ва дастрасӣ надоштан ба хизмати адвокатҳо марбут буд, ки то имрӯз барои расидагӣ кардан ба он мо як адвокатро аз Тоҷикистон ба Федератсияи Руссия фиристодем. Соли гузашта зимни як сафари корӣ намояндагони мо дар Ҷумҳурии Тотористон, кумитаи ҳамкорӣ бо бонувони муқими ин кишварро таъсис доданд,- қайд кард С.Девонаев.
Гуфта мешавад, ки теъдоди ноболиғони тоҷики дар хориҷи кишвар буда, 29 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.