Дар ин хусус Бунафша Одинаева, муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ ба журналистон иттилоъ дод.
Манбаъ афзуд, ки аз шумори нафарони ҷиноятсодиркарда 7 шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 2 шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон, 1 шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, 1 шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон, 1 шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбакистон ба қайд гирифта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, масъулин мегӯянд, ки танҳо дар давоми 6 моҳи соли равон дар кишвар 561 ҷинояти вобаста бо муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъаовар ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 3 ҳазору 383 киллограму 240 грамм маводи нашъаовар мусодира шудааст.