Дигар имкони ба фурӯш баровардани маҳсули ҳунарҳои дастии бонувону духтарони ҳунарманд, амсоли гулдӯзӣ, зардӯзӣ, рӯйҷо, тоқию пероҳан ва либосҳои гуногуни мардонаю занона фароҳам омад.
Назар ба суханони раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раъно Бобоҷонова Маркази иттилоотию машваратӣ дар чаҳорчӯбаи татбиқи ду барнома: «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои ҷавон дар соҳаи шуғлу меҳнат» ва «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои болаёқат аз бонувон дар солҳои 2008-2015» таъсис дода шуда он дар арафаи Иди модарону духтарон ба фаъолият шурӯъ карда буд.
Барои амалӣ шудани ин барномаҳо ва фаъолияти марказ имсол аз ҳисоби буҷа, 21 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Дар назди маркази мазкур дафтари ёрии ҳуқуқӣ низ фаъол буда, тайи чанд моҳи фаъолият, беш аз 50 нафар аз ӯ маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ гирифтаанд.
Ҳамчунин, дар марказ маҳфили зардӯзӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, хайётӣ, рӯзгордорӣ, омӯзиши забони англисӣ ва таълими Алифбои форсӣ фаъолият менамоянд, ки асосан бонувону духтарони имконияти ҷисмонияшон маҳдуд, ашхоси хушунатдида, занони бекору иштиёқманди ҳунаромӯзӣ аз аксар шаҳру навоҳии вилоят ҷалб карда шудаанд.
Маҳсули дастони ҳунармандон то харидор пайдо кардан, бо пешниҳоди раиси вилоят, аз ҷониби корхонаҳои буҷавӣ, ки ба ин навъ маҳсулот ниёз доранд, харидорӣ мешаванд.
– Мо умед бар он дорем, ки бонувон ва духтароне, ки дар ин марказ таҳсил мегиранд, дар оянда фаъолияти истеҳсолии худро дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳ хоҳанд монд. Дар нақша аст, ки барои қисман рӯйпӯш намудани хароҷотҳои марказ Интернет-мағозаи фурӯши корҳои дастии ҳунармандон таъсис дода шавад. Ба ғайр аз ин, дар назди марказ як ширкате бо номи «Озодакор» таъсис дода мешавад, ки кормандони он ба тозаву тамиз кардани коргоҳҳои давлативу хусусӣ машғул хоҳанд шуд. Ин ҳама иқдомҳо ба хотири пурқувват кардани хазинаи марказ аст, – хушбинона изҳор менамояд, Р.Бобоҷонова.
Дар назар аст, ки дар ҳамаи 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чунин марказҳо фаъол шаванд. Гуфта мешавад, ки бинои маркази иттилотию машваратии назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бо кӯмак ва дастгирии созмонҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳои давлатию хусусӣ, соҳибкорони ватанӣ аз таъмир бароварда шуда, хароҷотҳои марбут ба барқу об, маоши мураббиён ва хариди ашёи хом барои чаҳор сол бар зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вогузор шудааст.