Дар ин бора Рустам Менглиев вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба адвокатура ниёз ба тағйиру иловаҳо дорад. Қонуни қаблии адвокатура бошад, аз соли 1995 амал мекунад.
То кунун як қисми адвокатҳо аз тариқи литсензияе, ки аз тарафи вазорати адлия дода мешуд, ба кор қабул мешуданд. Қисми дигари адвокатҳоро коллегияи адвокатҳо иҷозаи фаъолият медод.
– Мақсад аз ҷорӣ намудани механизми ягонаи ба кор қабул кардани адвокатҳо ҷиддитар намудани фаъолияти касбии онҳост. Давлат кафолати таъмини ёрии ҳуқуқии шаҳрвандонро медиҳад, корафтодагон бояд дилпур бошанд, ки ҳуқуқҳояшон аз ҷониби адвокати ҳирфаӣ ва донишманди соҳа ҳимоя мешавад, – қайд кард Р. Менглиев.
Дар илова ба зарурияти тағйири қонун дар бораи адвокатура вазири адлия иброз дошт, ки дар кишвар ҳамчунин системаи ягонаи меъёри пардохти музди хизматрасонӣ барои ёрии ҳуқуқӣ вуҷуд надорад. Имрӯз гурӯҳи корие дар масъалаи муайянкунии ҳаққи хизматрасонии ягона кор мебаранд.