Сабаби гум шудан ва наомадани бағоҷро Азиз Иброҳимов, муовини директори фурудгоҳ дар он арзёбӣ мекунад, ки аксар вақт мусофирон аз дигар самт бо истифода аз ҳавопаймоҳои ширкатҳои ғайр ба Тоҷикистон парвоз мекунанд, бағоҷашон бошад дар он ҷо гум мешавад. Аммо талофии молу колояшонро аз ин ҷониб талаб мекунанд.
– Аз шикоятҳои воридшуда 194 ҳолат санҷида шуда, мушкили мусофирон ҳалли худро ёфтааст. Танҳо 8 шикоят то имрӯз дар марҳилаи санҷишу баррасӣ қарор дорад, - гуфт А.Иброҳимов.