– Вобаста ба куштори генерал Абдулло Назаров гурӯҳи тафтишотӣ бо роҳбарии муовини прокурори генералӣ, сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон таъсис дода шуда, намояндаҳои гурӯҳ барои анҷом додани корҳои тафтишотӣ дар ҷои ҳодиса қарор доранд. То ҳанӯз дар робита бо куштор касе дастгир нашудааст - гуфт Ш.Салимзода.
Ҳамчунин, прокурори генералӣ қайд кард, ки вобаста ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ дар асоси се банди Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 104 – одамкушии вобаста ба фаъолияти хизматӣ бо бераҳмии махсус марбут ба роҳзанӣ ва бо мақсади рӯйпӯш кардани ҷиноят, 199 (қисми 4, бандҳои «а», «б») –тасарруфи яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, 328 (қисми 2) – истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аст оғоз карда шудааст.
Хотиррасон мекунем, ки генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Бадахшон шоми 21-уми июл аз ҷониби шахсони номаълум ҳангоми бозгашт аз ноҳияи Ишкошим ба шаҳри Хоруғ дар автомашинаи хизматиаш ба қатл расонида шуда буд.