Дар ин маврид Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андоз дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.
Манбаъ мегӯяд, ки сарпечии сарояндагон аз супоридани маблағи андоз дар ҳолест, ки онҳо аз ҳисоби тӯйҳо маблағи ҳангуфте ба даст меоранд.
– Сарояндаҳо нисбати онҳое, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, шароити беҳтари пардохти маблағи андозро доранд. Аммо, вақти супоридани маблағи андоз мерасад, баҳонаҳои гуногун ва баъзан вақт шубҳаовар аз қабили: «бемор будам», яъне фаъолият надоштам, пеш меоранд, ки ин дурӯғ аст, - қайд кард Н.Давлатов.
Дар ин ҳол масъулин мегӯянд, ки ояндаи наздик андоз барои фаъолияти сарояндагиву навозандагӣ дар Тоҷикистон зиёд мешавад.