Султон Раҳимов, ҷонишини якуми вазири мелиоратсия ва захираҳои об дар нишасти матбуотӣ гуфт: «Сохторҳои соҳаи обрасонӣ дар ҳаҷми 28,9 миллион сомонӣ ба муштариён хизмат расонидаанд, вале истифодабарандагони об ҳамагӣ 16,08 миллион сомонии ин маблағро пардохт намудаанду халос».
Сабаби пардохт накардани ҳаққи хизмати обрасониро ҷонишини вазир аз бемасъулиятии истифодабарандагон арзёбӣ менамояд.
– Мо барои баргардонидани қарзҳо ба суду прокуратура муроҷиат намудаем, аммо ҳалномаҳои судие, ки нисбати қарздорон бароварда шуданд, мушкили вазоратро ҳал карда натавонистанд. Роҳи дигаре низ ҳам ҳаст, мисли қатъ намудани хизматрасонии об, аммо дар ин ҳол хоҷагиҳои кишоварзие, ки маблағи истифодабариро саривақт пардохт намудаанд зарар мебинанд, - қайд кард С.Раҳимов.