Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Неъмат Раҳматов, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дод.
– Ҳаҷми асосии молҳои содиршаванда ба давлатҳои Туркия, Чин, Афғонистон, Қазоқистон, Швейтсария, Россия, Эрон, Латвия, Покистон, Аморати Муттаҳидаи Араб марбут мебошад. Воридот бошад ба мамлакатҳои Руссия, Қазоқистон, Чин, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркманистон, Ҷазираҳои Вирҷин, Эрон, Бразилия, Литва, Туркия, Белорус рост меояд, - қайд кард муовини сардори Хадамоти гумрук.
Дар хусуси қонуншиканиҳои гумрукӣ гуфта шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2012 аз ҷониби кормандони соҳа 2896 ҳодисаҳои қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Дар натиҷаи амалиётҳои бобарори гумрукӣ 98 кг, 661,2 гр моддаҳои нашъаовар ва перекурсорҳо аз гардиши ғайриқонунӣ боз дошта шуданд, қайд карданд масъулин зимни нишаст.