Ба гуфти манбаъ бо дарназардошти беҳбуди вазъи соҳаи кишоварзӣ, рушду инкишофи хоҷагии қишлоқ ва ба ин васила таъмини амнияти озуқаворӣ, зарурияти тағйири сохтори хоҷагидорӣ ба миён омадааст.
– Вазорати кишоварзии мамлакат лоиҳаи ислоҳоти бахши аграриро дар мувофиқа бо дигар вазоратҳо омода намуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Лоиҳаи мазкур дар асоси омӯзиши таҷрибаи Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ва дигар кишварҳои аз ҷиҳати кишоварзӣ пешрафтаи дунё таҳия гардидааст, - афзуд манбаъ.
Ба қавли С. Исроилов, баъди амалӣ сохтани лоиҳаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дар соҳаи хоҷагидорӣ низ тағйиротҳои куллӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин, ба қавли муовини вазири кишоварзӣ тибқи нақшаи пешбинишуда дар як соли оянда беш аз 1200 хоҷагиҳои калони кишоварзӣ мавриди таҷдид қарор хоҳанд гирифт.