Дар ин бора Сироҷиддин Валиев, сардори Раёсати «Тоҷикматлубот» зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи манбаъ ҷониби Украина барои минтақаи кӯҳистони вилояти Хатлон ба маблағи 300 ҳазор доллар дастгоҳи коркарди меваи хушкро ваъда кардааст.
– Бо назардошти захираи фаровони мева дар вилояти Хатлон дастрасӣ ба чунин дастгоҳҳои замонавӣ бар манфиати кор хоҳад буд. Дар ин ҳол сокинони вилоят имкон доранд бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.
Масъулин бар ин назаранд, ки имрӯзҳо тавассути соҳибкорони тоҷик меваи хушки Тоҷикистон дар бозори давлатҳои аврупоӣ низ харидор пайдо намудааст. Меваи хушки мо дар байни давлатҳои Осиёи Миёна ҳам харидорони худро дорад. Масалан, содироти хушкмева аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон соли равон 269 тоннаро ташкил додааст.
Кишоварзони вилояти Суғд аз пешсафони соҳа ба ҳисоб рафта дар нишаст махсус қайд карда шуд, ки агар истифодаи самараноки замин ва парваришу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар дигар минтақаҳо низ мисли онҷо ба роҳ монда шавад, Тоҷикистон дар содироти меваю сабзавот дар минтақа мавқеи хос пайдо мекунад.
Гуфта мешавад, ки то соли 2011 харидори асосии меваи хушки Тоҷикистон Федератсияи Россия ба ҳисоб мерафт. Аммо баъди эроди мақомоти ин кишвар ҳукумати Россия содироти хушкмеваи Тоҷикистонро ба кишвараш манъ намуд. Имсол аз маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Федератсияи Руссия танҳо сабзавот, ба хусус пиёз содир шудаасту халос.