Ба гуфтаи манбаъ дар лоиҳаи бунёди роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон бунёди 18 пул ва нақби кӯҳӣ дар назар дошта шудааст, ки масоҳати он 2340 метрро ташкил медиҳад.
– Айни ҳол дар сохтмони роҳи оҳан 192 нафар роҳиоҳанчиён бо истифода аз 67 техникаҳои гуногун дар 3 баст кор карда истодаанд. То имрӯз дар 23 километри ин роҳ корҳои сохтмонӣ оғоз шуда, дар 5,2 километр роҳи оҳан насб карда шудааст. Ва дар анҷоми корҳои сохтмонии роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон бошад то имрӯз 138 миллион сомонӣ маблағ харҷ шудааст, - қайд кард У. Қаландаров.
Аз рӯи гуфти масъулин корҳои сохтмонии лоиҳаи мазкур бояд то муддати 2 сол ба анҷом мерасид, аз он хотир, ки пулҳо ва нақби 2 ҳазору 340 метраи ин роҳ бо сармоягузории хориҷӣ сохта мешавад, мӯҳлати ниҳоии ба истифода додани роҳи оҳани Душанбе – Ваҳдат – Ёвон – Қӯрғонтеппаро мушаххас гуфта намешавад.