Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорони иттилоъ дод.
– Аз шумори умумии кормандони кумита 400 нафарашонро наҷотдиҳандагон ташкил медиҳанд. Дар ҳолатҳои зарурӣ имкони зиёд кардани ин шумор аз ҳисоби кормандон вуҷуд дорад, - гуфт Х.Абдураҳимов.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол аз сол шумори офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон зиёд ба қайд гирифта мешаванд. Бар асари офатҳои тайи 6 моҳи охир баамаломада дар ҷумҳурӣ 835 адад хонаҳо ба маблағи 43 миллиону 815 ҳазор сомонӣ хисорот дидаанд. 204 адад хонаҳо пурра харобу нобуд шудаанд.
– Шумори офатҳои табиӣ на танҳо дар Тоҷикистон, дар тамоми дунё имрӯз зиёд шудааст, - қайд кард Х.Абдураҳимов.
Зарари аз офати фавқуллодаи табиӣ ба мардум расида дар ин давраи ҳисоботӣ 57 миллиону 748 ҳазору 500 сомонӣ арзёбӣ гашт.