– Зарари расонидаи Ҷ.Охунов ба шаҳрвандон 58 миллион сомонӣ аст, вале дар рафти тафтишот маълум шуд, ки дар ҳисоби банкии ин ширкат ҳатто як дирам ҳам нест, - қайд кард Н.Абдуллоев.
Дар хусуси тақдири маблағҳои супорида ва қарзи ширкат аз шаҳрвандон раиси Суди Олӣ чунин гуфт:
“Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҷӯрабек Охунов маҳз дар асоси даъво ва аризаи муштариёни фиребхӯрда оғоз шуда буд. Имрӯз агарчӣ роҳбари ширкат ба ҷавобгарӣ кашида ва аз озодӣ маҳрум шуда бошад ҳам, фаъолияти ширкати “Мовароуннаҳр” қатъ нашудааст ва зарардидагон метавонанд ҷуброни молиявии худро аз ширкати Мовароуннаҳр дар асоси қонун талаб кунанд”.