Ба гуфтаи Ҳ. Зарифӣ ҳоло дар Вазорати корҳои хориҷӣ як нафар зан ба ҳайси муовини вазир, як нафар дар вазифаи раиси раёсат, ду нафар дар вазифаҳои муовинони раиси раёсат ва 4 нафар бонувон дар вазифаи мудирони шӯъба фаъолият доранд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд кард, ки: «алъон мо аз ҳисоби бонувон дар кишварҳои хориҷ сафире надорем. Аммо имрӯз сатҳи омодагии бонувони мо ба вазифаи сафирӣ ба талабот ҷавобгӯ шудааст, ки дар оянда аз ҳисоби ин кадрҳои омодашуда мо метавонем чанд нафарро ба вазифаи сафири Тоҷикистон дар дигар кишварҳо таъйин намоем».